Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз инқилоби исломии Эрон 30 сол мегузарад, аммо ҳамоно ҷаҳон талош дорад дарк кунад, ки дар асл ин рӯйдоди сиёсӣ чӣ буд.

Муаллиф Чарлз Рекнегел

Оё ин як инқилоби зиддиғарбие барои аз байн бурдани ҳукумати Шоҳи рӯ ба Амрико будааст? Ва ё инро чун нахустин кӯшиши модерне барои таъсиси ҷомеаи исломӣ бояд дарк кард? Ва ё ин фақат як ғасби қудрат буд, ки аз ҷониби як ҳизб анҷом шудааст?

Кӯшиши пайдо кардани посух ба ин суолҳо ҳам ин воқеиятро тавзеҳ хоҳад дод, ки чаро инак дар аҳди насли дуюми баъдиинқилобиии Эрон ҷомеа ҳамоно шадидан зиддиғарбӣ боқӣ монда ҳукумат пурра дар дасти раҳбарони мазҳабӣ аст ва ҳама гуна зуҳуроти дигарандеширо таҳаммул надорад. Стефен Кинзер хабарнигори пешини нашрияи New York Times ва муаллифи китоби "Ҳама одамҳои Шоҳ: як кудатои амрикоӣ ва решаҳои террори Ховари Миёна" мебошад. Вай мегӯяд, ки тухми инқилоби исломии Эрон дар инқилоби дигар нуҳуфта аст, яъне дар барномаи модернсозии Эрон ба мисли Туркия. Дар ниҳояти амр инқилоби сафеди Шоҳ ҷомеаи суннатии Эронро такон дод:

"Ин инқилоб пурра таҳмилӣ буд. Ҳеҷ талоше барои ҷалб кардани мардум ба он карда нашудааст. Шоҳ аз анҷоми он ҳаросид, чунки агар шумо мардумро бимонед, ки назари худро ошкоро баён кунанд, ҷараён дигар ғайри қобили пешгирӣ мешаваду мардум дар ҳама нуқот талабҳои демократӣ пеш хоҳанд овард. Аз ин рӯ, Шоҳ, ки мехост бо роҳҳои ғайризамонавӣ барои бунёди як ҷомеаи модерн талош ба харҷ диҳад, мехост аз методҳои диктаторӣ барои эҷоди, ба назари вай, як ҷомеаи бозу ботаҳаммул, зебову пурмаҳсул ва шукуфо кор гирад. Аммо ин ҳама кор наомад. Вай аз хостҳои эрониҳои оддӣ бехабар буд. Чаро ингуна буд? Чунки вай хеле зиёд ба ҷониби Ғарб дида дӯхта буд".

Дар миёни мухолифони Шоҳ ҳама гурӯҳҳои сиёсиро дидан мумкин буд: аз сӯе рӯшанфикрону зиёиён, аз тарафи дигар гурӯҳҳои марксистӣ, аз ҷониби сеюм тарафдорони монархияи конститутсионӣ ва ниҳоятан дар мавқеи охир ва дар натиҷа хеле муҳим рӯҳониёни шиамазҳаб қарор доштанд, ки то он замон ҳамеша дур аз сиёсат буданд.

Кинзер мегӯяд, ки Шоҳ аз мухолифони дунявии худ хатар надошт, вақте муллоҳову рӯҳониён рӯи саҳна омаданд, ҳамон вақт ҳаёти вай бо хатар рӯбарӯ шуд: "Вақте Шоҳ сари қудрат буд, ҳама шаклҳои мухолифатро саркӯб мекард. Шумо ҳеҷ як ҳизби воқеии оппозитсионӣ ё иттиҳодияи мустақили синфӣ ва ё як созмони донишҷӯӣ ва ё касбиро пайдо карда наметавонистед, ҳатто ҳеҷ як нашрияи мустақил рӯи кор набуд. Танҳо ҷое, ки шуморо ба унвони як мухолифи давлат сарпаноҳ медод, масҷид буд. Ва аз ҳамин хотир, дар ин ҷоҳо онҳое сарҷамъ шуданд, ки шадидан зидди режими Шоҳ буданд, ва замонати онро медоданд, ки баъди суқути ҳукумати Шоҳ як қудрати мазҳабӣ метавонад ҷои онро бигирад".

Оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хумайнӣ, мисли ҳама дигар раҳбарони маъруфи инқилобӣ, консепсияи худро барои пойдории қудрати исломӣ тавзеҳ дод ва гуфт, ки танҳо дар сурати ҷорӣ шудани қонунҳои шариат ва Ислом мешавад ҳукумати хубу ҷомеаи боадолате бунёд кард.

Ва дар натиҷаи густаришёбии нирӯҳои исломӣ дар сартосари кишвар, онҳо дар як саф бо нирӯҳои мухолифи дунявӣ ба хиёбонҳо рехта боиси аз қудрат барканор шудани Шоҳ шуданд. Моҳи январи соли 1979 ӯ Эронро тарк кард. Хумайнӣ, ки аз Ироқ истирдод шуда буд, рӯзи 1 феврал тавассути Париж вориди Теҳрон ва бо истиқболи чанд миллион тарафдори худ рӯбарӯ шуд.

Нахустин қароре, ки Хумайнӣ қабул кард, нахуствазири ислоҳотхоҳи нишондаи Шоҳро барканор кард ва бо ҳамин то рӯзи 11 феврал ҳукумат пурра барканор кард. Ва дар пай тарафдорони мазҳабии Оятуллоҳ қудратро аз дасти дигар муборизони инқилоб ба дасти худ гирифтанд. Хумайнӣ раҳбари олии Эрон шуд ва барои иҷрои қонунҳои нави исломӣ, ки аз ҷониби парлумон қабул мешуд, сохторҳои нави мазҳабӣ ҳам таъсис ёфт.

Яке аз ҳаводиси хеле калидии баъдӣ дар таърихи ҷумҳурии исломии Эрон ин ҳодисаи гаравгонгирии сафорати ИМА дар Теҳрон ноябри соли 1979 мебошад. Гаравгонгирии дипломатҳои амрикоӣ, ки боиси комилан қатъ шудани равобити миёни ду кишвар шуд, 444 рӯз давом кард. Танҳо дар миёнаҳои соли 1981 ин моҷаро поён ёфт ва аммо дар ин муддат ҳазорҳо мухолифони сиёсии режими исломӣ кушта ва ё ба зиндонҳо андохта шуданд.

Имрӯз ҳам инқилоби исломӣ сари қудрат боқӣ монда Эрон танҳо давлати мазҳабӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Дар саҳнаи сиёсии ин кишвар имрӯз нирӯҳои муттаассибу муҳофизакор аксариятро ташкил дода, ҷои ислоҳталабҳоро танг кардаанд. Нашрияҳои мунаққиди шадидлаҳни давлатӣ сонсур ва ё баста шуда, фаъолони сиёсӣ пайваста ба зиндон андохта мешаванд.
XS
SM
MD
LG