Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Фаина" сӯи Момбаса раҳсипор шуд


Киштиии украинии “Фаина”, ки аз сӯи роҳзанҳои дарёии Сомалӣ раҳо шудааст, сӯи бандари Момбасаи Кения раҳсипор шуд. Ин киштӣ ва маллоҳонаш аз 25 сентябри соли гузашта дар асорати роҳзанҳои дарёӣ буданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, барои раҳоии “Фаина” 3 миллиону 200 ҳазор доллар пардохт шудааст. Мақомоти Украина изҳор намуданд, ки киштӣ бар асари амалиёти хадамоти кашфи Украина ва кишварҳои хориҷӣ озод карда шуд. Ва аммо Николай Маломуж, раҳбари Хадамоти кашфи Украина гуфт, ки баъди баррасии вазъ аз истифодаи нерӯ барои озод кардани киштӣ худдорӣ карда шуд ва кормандони кашф музокироти соҳибони киштӣ ва роҳзанҳоро ба роҳ монданд. “Фаина”-ро то бандари Момбаса киштии низомии амрикоӣ роҳбаладӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG