Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъвиқи баррасии пойгоҳи низомии Манас


Мирзо Капаров, намояндаи ваколатдори ҳукумати ҷумҳурии Қирғизистон дар порлумони ин кишвар, рӯзи панҷшанбе аз депутатҳои порлумон дархост кард, ки масъалаи лағви қарордод дар бораи пойгоҳи Ганси дар майдони ҳавоии Манасро ба ҳафтаи оянда мавқуф гузоранд.

Ба гуфтаи Мирзо Капаров кумитаҳои порлумон ва ҷиноҳи ҳизбҳо бояд аввал тарҳи се қарордоди миёни Қирғизистону Русияро мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Вай афзуд, вале масъалаи лағви созишнома дар бораи ҳузури нерӯҳои ИМА дар пойгоҳи Манас баррасии дақиқ тақозо менамояд, аз ин лиҳоз вакилони мардумӣ бояд ин масъаларо дар кумитаҳо ва ҳиноҳи ҳизбҳо бидуни саросемагӣ мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Ин дар ҳолест, ки Алишер Собиров, депутат аз ҷиноҳи ҳизби ҳукмрони «Ақ жол» дар порлумон, гуфт, ки мавқеъи президент Қурмонбек Боқиев ва ҳукумати кишвараш дар мавриди лағви қарордод бо ИМА равшан аст. Вай аз ҳамтоёни худ даъват кард, ки масъалаи лағви ин қарордод рӯзи ҷумъа баррасӣ гардад.

Аммо дар ҳамин ҳол порлумони Қирғизистон масъалаи хуруҷи нерӯҳои ИМА аз фурудгоҳи Манасро ҳафтаи оянда баррасӣ хоҳад кард. Тибқи регламенти Жуқорғи Кенеш, кумитаҳои порлумон фақат рӯзҳои сешанбеи ҳар ҳафта ҷаласаи худро баргузор хоҳанд кард. Вале барои баргузории иҷлосияи умумии ин порлумон рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа муқаррар шудааст.

Ба ин тартиб ҳафтаи оянда масъалаи хуруҷи нерӯҳои эътилофи зидди террор аз қаламрави Қирғизистон дар порлумони ин кишвар ба доираи баҳсу баррасӣ кашида хоҳад шуд. Гуфта мешавад, дар сурати ба тасвиб расидани тарҳе, ки президент ва ҳукумат пешниҳод кардааст, дар муддати шаш моҳи оянда низомиёни амрикоӣ қаламрави Қирғизистонро тарк хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG