Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба хабарнигори қазоқ дар Алмаато


Дар шаҳри Алма-Ато хабарнигори нашрияи "Обшественная позиция" Воҳидҷон Нурпеисов мавриди ҳамла қарор гирифт. Афроди ношинос ба ӯ замоне ҳамла карданд, ки хабарнигор сӯи манзилаш мерафт. Воҳидҷон Нурпеисов бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфт. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, ҳамлагарон диктофон ва навиштаҷоти Нурпеисовро гирифта, ба дигар чизҳо даст назадаанд. Хабарнигори нашрияи "Обшественная позиция" муаллифи чанд гузориши танқидӣ дар бораи мансабдорони ҳукуматист.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG