Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ду нафарро бо иттиҳоми ҷосусӣ қатл карданд


Дар шаҳри Мироншоҳ, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, мусаллаҳони ҷунбиши "Толибон" ду сокини маҳаллиро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Амрико ба қатл расониданд. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, ҷасади кушташудагон ҳамроҳ бо номаи толибон имрӯз дар як истгоҳи автобус ошкор гардид. Мироншоҳ – маркази як ноҳияи кӯҳии Вазиристони шимолист, ки он ҷо мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” ва созмони “Ал-Қоида” фаъоланд.

XS
SM
MD
LG