Пайвандҳои дастрасӣ

Тасмими Бишкек барои бастани пойгоҳи Манас ниҳоист


Мақомоти Қирғизистон изҳор намуданд, ки дар мавриди бастани пойгоҳи низомии амрикоӣ дар фурудгоҳи Манас тасмими ниҳоӣ гирифтаанд. Ин иттилоъро имрӯз сухангӯи ҳукумат Ойбек Султонғозиев тайид кард. Қаблан Вошингтон изҳор карда буд, музокирот бо Бишкек дар мавриди истифодаи пойгоҳ дар фурудгоҳи Манас, ки ба хотири таъмини амалиёти нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон бунёд шудааст, идома хоҳад кард. Роберт Гиббс, сухангӯи Кохи Сафед эълом дошт, ки пойгоҳи низомӣ дар Манас барои комёб шудани сиёсати ИМА дар Афғонистон муҳим аст. Қарор аст, ки раъйдиҳӣ дар парлумони Қирғизистон оид ба бастани пойгоҳи низомии амрикоӣ дар фурудгоҳи Манас рӯзи панҷшанбеи оянда баргузор шавад..

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG