Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон тасмими Бишкекро таассуфангез номид


Амрико гуфт, музокироташ бо Қирғизистон пиромуни сарнавишти пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Манас ҳанӯз идома дорад. Раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев рӯзи сешанбе дар Маскав дар пайи дарёфти ваъдаи 2 миллиард долар қарзу кӯмаки Русия эълон кард, ки Бишкек ин пойгоҳро мебандад. Сарвазири Қирғизистон Игор Чудинов рӯзи панҷшанбе гуфт, далели бастани ин пойгоҳ мухолифати Бишкек ба амалҳои Амрико дар Афғонистон аст, вале онҳо интиқоли молу колои ғайринизомиро тавассути Манас иҷозат хоҳанд дод. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон тасмими Бишкек дар мавриди пойгоҳи Манасро таассуфангез номид.
XS
SM
MD
LG