Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон хостори равобити созандатар бо Маскав шуд


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон умедвори равобити созандатар бо Русия, аз ҷумла дар амри расидагӣ ба барномаҳои ҳастаии Эрон, шудааст. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ҳафтаи гузашта ба ҳамтои русаш Дмитрий Медведев занг зада буд ва дар он сӯҳбати телефонӣ ҳарду ҷиҳати хатми сардӣ дар равобити дуҷониба тавофуқ кардаанд. Равобити Маскаву Вошингтон тайи чанд соли охир рӯ ба сардӣ овард, аз ҷумла ба далели барномаи дар шарқи Аврупо мустақар кардани бахшҳое аз сипари зиддимушакии Амрико ва ҷанги кӯтоҳи Русия бо Гурҷистон дар моҳи августи соли гузашта.
XS
SM
MD
LG