Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шабнаму Ҷонибек имрӯз дар Ню-Йорк консерт медиҳанд


Шабнами Сурайё ва Ҷонибеки Мурод, ду овозхони маъруфи эстрадаи тоҷик, шоми имрӯз дар толори донишкадаи Квинс, дар шаҳри Ню-Йорки Амрико, консерт баргузор мекунанд. Сафари ҳунарии ин ду овозхони тоҷик ба Амрико рӯзи 31 январ аз консерте дар шаҳри Венаи аёлати Вирҷиния оғоз ёфт. Дар он консерт ҳудуди 1000 тамошобин ҷамъ шудааст. Ба дунболи Ню-Йорк, Шабнами Сурайё ва Ҷонибеки Мурод дар Лос-Анҷелес ва Сан-Хосе ду консерти дигар доир мекунанд. Сафари ҳунарии Шабнаму Ҷонибек ба Амрикоро ширкати “Трайвижн студио” ташкил кардааст.
XS
SM
MD
LG