Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайъати ИА имрӯз барои музокирот ба Маскав меояд


Имрӯз раиси Куммиссиюни Аврупо Жозе Баррозо низ дар раъси як ҳайъати баландпояи ИА озими Маскав мешавад. Ин ҳайъат бо раҳбарони аввали Русия, аз ҷумла раисиҷумҳур Дмитрий Медведев ва сарвазир Владимир Путин, масоили энержӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ ва масоили сиёсиро баррасӣ хоҳад кард. ИА музокироти паймони нави ҳамкориаш бо Русияро дар пайи ҷанги байни Русияву Гурҷистон ба ҳоли таълиқ овард. Бӯҳрони ахири газ, ки бар асари баҳси Русияву Украина бар сари нархи газ буруз кард, низ боиси сардтар шудани равобит миёни Маскаву Бруксел шуд.
XS
SM
MD
LG