Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳинд ба сӯи Ай Сӣ Ай ангушти иттиҳом баланд кард


Вазири хориҷаи Ҳинд Шившанкар Менон гуфт, Ай Сӣ Ай, хадамоти иктишофии Покистон, бо омилони ҳамлаҳои моҳи ноябр дар шаҳри Мумбай, пойтахти тиҷоратии Ҳинд, иртибот доштааст. Ӯ афзуд, тарроҳони он ҳамла аз ҷумлаи мизоҷон ва сохтаҳои Ай Сӣ Ай буданд ва мемонанд. Ҳинд гурӯҳи дар Покистон асосёфтаи Лашкари Таййибаро масъули ҳамлаҳои Мумбай хонда, қаблан ҳам гуфта буд, ки ҳамлагарон аз ҷониби мақомоти расмии Покистон пуштибонӣ медиданд. Вале Ай Сӣ Ай мушаххасан бори аввал ба ҳамдастӣ дар он ҳамлаҳо айбдор мешавад. Покистон ҳар навъ даст доштани мақомоти расмиаш дар ҳамлаҳои Мумбайро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG