Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи маргталабона дар Диёлаи Ироқ


Ҳамлаи интиҳорӣ дар вилояти Диёла, дар шимолу шарқи Бағдод, мунҷар ба ҳалокати дасти кам 10 нафар шуда, 15 тани дигарро захмӣ барҷой гузошт. Пулис мегӯяд, маргталаб худро дар ҳавлии як ошхона дар Хонақин, воқеъ дар марз бо вилояти нимамустақили Курдистони Ироқ мунфаҷир кард. Ин ҳамла яке аз хунинтарин ҳамалот дар Ироқ дар зарфи чанд ҳафтаи охир дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG