Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳолбрук ба Осиёи ҷанубӣ сафар мекунад


Ричард Ҳолбрук, фиристодаи хоси Амрико дар умури Афғонистону Покистон, ҳафтаи оянда ба хотири баҳси роҳҳои таъмини субот дар Афғонистон аз ин ду кишвар ва аз Ҳинд дидан хоҳад кард. Вошингтон мегӯяд, ки Ҳолбрук дар ҳафтаи ҷорӣ, ҳанӯз қабл аз сафари Осиёи ҷанубӣ ба Лондон ва сипас ба Мюнихи Олмон сафар карда, дар як анҷумани амниятӣ ширкат меварзад. Ричард Ҳолбрук аз дипломатҳои собиқадори Амрико буда, раисиҷумҳур Барак Обама ӯро дубора ба фаъолияти дипломатӣ даъват кардааст.
XS
SM
MD
LG