Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳзанон киштии Украинаро раҳо кардаанд


Бино ба хабарҳо, раҳзанҳои баҳрӣ киштии украинии “Фаина”-ро раҳо кардаанд. Раҳзанон ин киштии ҳомили тонку таслиҳотро ҳамроҳ бо 20 узви ҳайъаташ аз моҳи сентябр дар обҳои Сомалӣ таҳти асорат нигоҳ медоштанд. Ин киштӣ дар соати асир уфтоданаш дар бордони худ дасти кам 33 тонки тамғаи Т-72 доштааст. Миёнаравҳо ва раҳбарони раҳзанон гуфтаанд, раҳоии киштӣ дар пайи пардохти 3 миллиону 200 ҳазор доллар муяссар шудааст. Эҳтимол меравад, ки ин маблағро соҳибони киштии асируфтода пардохт кардаанд. Аммо Киев мегӯяд, “Фаина” дар натиҷаи як амалиёти вижа озод шудааст.
XS
SM
MD
LG