Пайвандҳои дастрасӣ

Натоиҷи муқаддамотии интихоботи Ироқ


Куммиссиюни интихоботи Ироқ бо нашри натоиҷи муқаддамотии интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ, ки рӯзи 31 январ доир шуд, гуфт, дар Бағдоду Басра ва 8 вилояти дигари Ироқ эътилофи тарафдорони сарвазир Нурӣ Моликӣ, мавсум ба эътилофи Ваҷҳ баранда шудаанд. Ба гуфтаи ин ниҳод, Ваҷҳ дар Бағдод 38 дарсади ороро ба даст овардааст ва ин дар ҳолест, ки ҳизби сунниҳо ва ҷонибдорони рӯҳонии тундрави шиъа Муқтадо Садр дар ин ҷо ҳамагӣ нӯҳдарсадӣ овоз гирифтаанд. Эътилофи Моликӣ ҳамин тавр дар Басра 37 дарсади ороро ба даст овард. Вале Шӯрои олии исломӣ, бузургтарин ҳизби шиъаҳои ироқӣ, камтар аз 12 дарсади ороро соҳиб шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG