Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳи Ғарб ба анти-НАТО-и Русия


Ғарб ба созиши Русия ва шаш кишвари дигари шӯравии собиқ дар мавриди таъсиси воҳиди муштараки вокуниши сареъ дар Маскав ором менигарад.

Ҳарчанд Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ вокуниши расмие дар мавриди тавофуқи ҳафт кишвари шӯравии собиқ барои таъсиси воҳиди вокуниши сареъ накардааст, аммо як манбаъ дар ин созмон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳаққи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъист, ки метавонанд, созмонҳои низомӣ ташкил диҳанд. Дар расонаҳои ғарбӣ ба ғайр аз хабарҳои хурд ҳарфи зиёде дар мавриди ин масъала наметавон ёфт, баръакси матбуоти Русия, ки аз хушҳолӣ ба қавле дар либоси хеш намеғунҷад.

Тавофуқ дар бораи ин воҳиди низомии даҳ ҳазор нафарӣ, ки аксаран сарбозони Русия дар он шомил хоҳанд шуд, рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Маскав ҳосил шуд, ки дар он сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат доштанд. Дмитрий Медведев раиси ҷумҳури Русия муболиға кард, ки ин нерӯҳо аз назари қудрати низомӣ на камтар аз нерӯҳои НАТО хоҳад буд. То куҷо ин орзуи деринаи Русия, ки мехоҳад, монеъи густариши НАТО шавад, амалист ва то куҷо заминаҳои сиёсӣ таъсиси ин нерӯҳоро имконпазир мегардонад.

Анна Матвеева пажӯҳишгар аз маркази бӯҳроншиносии Донишгоҳи Иқтисодии Ландан мегӯяд, ин тавофуқ як меваи ширине барои Русия аст, ки аз густариши НАТО бадаш меояд. Вале таъсиси воҳиди вокуниши сареъ, ки Дмитрий Медведев онҳоро аз назари қудрату фанновариҳои муосири ҷангӣ на камтар аз нерӯҳои НАТО номид, ба зудиву ба осонӣ ба даст нахоҳад омад. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт:

"Ин як баёнияи сиёсӣ аст, ки барои мухотабони берунӣ пешбинӣ шудааст, то ба ҷаҳони беруна нишон диҳад, ки мо ҳам метавонем, мо ҳам аз назари низомӣ, соҳибтаҷриба ҳастем. Мо ҳам мефаҳмем, ки дар ҷаҳони муосир зиндагӣ мекунем ва бояд қадамҳое дар ин самт бардорем. Ба андешаи ман ин танҳо як баёния барои омм буд ва ман дар паси нияти он чизи ҷиддиеро намебинам. "

Сандра Диас Фернандес таҳлилгари Маркази пажӯҳишҳои сиёсии Аврупо ба Радиои Озодӣ гуфт, ин талоши Русия як навъ балантар кардани садои мухолифати худ ба тавсиаи Паймони Низомии НАТО аст, ки мехоҳад Гурҷистону Укроинро як рӯз дар бари худ бинад, чизе Русия комилан намехоҳад. Сандра Диас Фернандес, ки равобити Русияву НАТО – ро таҳқиқ мекунад, гуфт Русия, ки моҳи июн дурнамои сиёсати хориҷиашро тағйир дод, бар асоси он амал мекунад:

"Ин як чаҳорчӯбест, ки бар асоси он Русия сиёсати хориҷиашро тағйир медиҳад, ва тавре ҳамаи мо мушоҳида мекунем, Русия мухолифати худ ба густариш ва қарорҳои НАТО – ро бо садои баландтаре баён мекунад ва бахусус мухолифаташ ба тасмими Амрико барои истиқрори сипари дифоъи мушакӣ дар Аврупои Шарқиро."

Аммо ба ҳар сурат мегӯяд, Анна Матвеева пажӯҳишгар аз маркази бӯҳроншиносии Донишгоҳи Иқтисодии Ландан тавофуқ бар сари таъсиси воҳиди нерӯҳои сареъи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ як меваи ширин барои Русия аст. Чаро?

Чаро ки ин нигарониҳо ба миён омад, ки гапи бисёр аст, аммо кор пеш намеравад. Масалан замоне, ки дар мавриди таъсиси маркази зиддитерористӣ эълом доданд, интизорӣ ин буд, ки чизе хоҳад шуд. Вале дар ин самт ҳам ҳаракат кунд буд. Ва ҳоло ки қадаме ба сӯи пеш гузошта шудааст, ин барои Русия як чизи мусбат аст.

Вале Сандра Диас Фернандес аз маркази пажӯҳишҳои сиёсии Аврупо ба Радиои Озодӣ гуфт, заминаҳои сиёсӣ барои таъсиси ин воҳиди нерӯҳои вокуниши сареъ чандон мусоид нест:

"Воҳиди нерӯҳои вокуниши сареъ танҳо аз ҳисоби кишварҳои минтақа таъсис хоҳанд ёфт ва кишварҳои минтақа манофеъи минтақавӣ доранд ва мехоҳанд то тавозуни минтақавиро байни Русия ва Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамсоягони худ дар Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ нигаҳ доранд. Ман ҳеҷ гуна иттиҳоди наву азиме миёни Русия ва ин кишварҳоро намебинам. Русия натавонистааст, то кунун ин кишварҳоро комилан ба меҳвари нуфузи худ ворид кунад. "

Русия, ки пас аз суқути шӯравии собиқ нуфузи худ дар Осиёи Марказиро аз даст дод, аз ҳузури афзояндаи Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо нигарон буд. Ва дигар ин ки мегӯяд хонум Сандра Диас Фернандес тассавури ин ҳам мушкил аст, ки чӣ гуна нерӯҳои кишварҳое, ки дар масоили зиёде ихтилофи назар доранд ва мисли Ӯзбакистону Тоҷикистон ҳамсояҳои нохубанд, мавқеъи ягонаеро дар баробари иттифоқоте касб мекунанд. Ба гуфтаи ӯ мушкилоти молие, ки ҳоло Русияро гиребонгир аст, тормозе хоҳад шуд, ки ҳаракат ба сӯи таъсиси воҳиди нерӯҳои вокуниши сареъро кунд хоҳад кард. Ва як ҳадафи дигари Русияро аз таъсиси чунин нерӯҳо он медонанд, ки мехоҳад, ба ҳукумати Барак Обама дар Амрико ва паймони НАТО пайом бидиҳад, ки пеш аз ҳар иҷрои коре дар Осиёи Марказӣ бо мо маслиҳат кунед, дар акси ҳол коратон дар инҷо мушкил хоҳад шуд. мисли эъломи ҳукумати Қирғизистон ки дар шаҳри Маскав гуфт, пойгоҳи муҳим барои нерӯҳои Амрико дар Манасро мебандад ва ба ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар онҷо хотима медиҳад.
XS
SM
MD
LG