Пайвандҳои дастрасӣ

Тарафдорони Моликӣ дар интихобот пирӯз шуданд


Комиссиюни интихоботии Ироқ имрӯз гуфт, ки дар раъйгирии ахир муттафиқони нахуствазир Нурӣ-ал-Моликӣ дар Бағдод ва ҳашт дигар вилоёти ин кишвар пирӯз шуданд. Комиссиюн гуфт, ки Эътилофи "Давлати Қонун" 38 дар сади раъйҳоро дар Бағдод ба даст овард, дар ҳоле, ки муттафиқони рӯҳонии зиддиамрикоӣ Муқтадо Ассадр ва ҳизби сунниҳо ҳар ду нӯҳфоизӣ бурдаанд. Дар шаҳри дуюми бузургтарини кишвар Басра пуштибонони нахуствазир 37 дар сади раъйҳоро бурдаанд. Шӯрои олии исломии Ироқ, бузургтарин ҳизби шиамазҳаби кишвар беш аз 11 дар сади раъйҳоро соҳиб шудааст. Як масъули комиссиюни интихоботӣ Қосими Абдуалӣ гуфт, ки то ин лаҳзаҳо тақрибан 90 % баргаҳои раъй ҳисоб шудааст. Шанбеи гузашта барои интихоби шӯроҳои маҳаллӣ аз 18 вилоят дар 14 вилояти Ироқ раъйгирӣ барпо шуд. Аз соли 2003, замони вориди Ироқ шудани нирӯҳои амрикоӣ ин барои нахустин бор аст, ки овоздиҳӣ дар шароити босуботу сулҳомез баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG