Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Эрон ба ширкат дар сохтмони Роғун


Эрон изҳори омодагӣ кард, ки дар доираи Консорсиуми байнулмилалии сохтмони нерӯгоҳи Роғун ширкат хоҳад кард.

Ин нуктаро пас аз мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири бозаргонии Эрон Сайид Масъуди Миркозимӣ дар шаҳри Душанбе сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст таъкид кард. Вай гуфт, қарор аст нахуст сармоягузорони Эрон ба ин барнома ворид хоҳанд шуд ва сипас давлати Эрон дар он саҳм хоҳад гирифт.

Теҳрон дар ҳоле омодагии ширкат дар ин тарҳи стротегии Тоҷикистонро мекунад, ки ду ҳафта қабл масъалаи баҳрабардорӣ аз захоири обу энержии Тоҷикистон, ба вижа сохтмони неругоҳҳои барқию обӣ дар рӯдхонаҳои ин кишвар ба як мавзӯъи доғ табдил ёфтааст. Бо назардошти ин ҳол коршиносони тоҷик ҳузури Эронро дар ин тарҳҳо муҳим мешуморанд. Зеро бо баҳрабардорӣ аз захоири энержӣ Эрон метавонад, ҳамзамон яке аз кишварҳои харидори неруи барқи Тоҷикистон бошад.

Вазири бозаргонии Эрон Саидмасъуди Миркозимӣ сафари кории худ ба Тоҷикистонро муҳим ва дар амри ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши иқтисоду тиҷорат борвар арзёбӣ кард. Вай афзуд, зимни сӯҳбат бо раисҷумҳури Тоҷикистон созишҳои пайванд ба густариши додуситади байнибонкӣ, ҳамлу нақл, тиҷорати озод байни ду кишвар ҳосил шудааст.

Дар чаҳорчӯби сафари корӣ қарор аст, Миркозимӣ аз вилояти Суғди Тоҷикистон дидан намуда, имконоти ҳамкориҳиои дуҷонибаи бештарро дар дар ин минтақа баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG