Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳанӯз масъалаи пойгоҳ бо ИМА дар ҳоли баррасист


Нахуствазири Қирғизистон Игор Чудинов гуфт, ки Бишкек ҳанӯз масъалаи басташавии пойгоҳро бо Вашингтон баррасӣ дорад. Рӯзи сешанбе дар Маскав Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон гуфт, ки нирӯҳои амрикоӣ бояд пойгоҳи Манасро тарк кунанд. Дар мулоқотҳои Маскав Боқиев ваъдаи мақомоти Русияро оид ба ихтисоси беш аз 2 миллиард доллар қарз ба Қирғизистон дарёфт кард. Ҳукумати Қирғизистон ба баррасии парлумон амри басташавии пойгоҳи низомии ИМА-ро ироа аст. Дар оғоз интизор мерафт, ки баррасии мавзӯъ дар парлумон рӯзи ҷумъа сурат хоҳад гирифт. Вале интизор намеравад, ки ин масъала пештар аз панҷшанбеи оянда, яъне рӯзи шурӯи нишасти барномарезишудаи парлумон оғоз шавад, чунки Мирзо Ғаффоров, намояндаи ҳукумат дар парлумон гуфт, ки қонунгузорон бояд ин мавзӯъро бидуни шитобзадагӣ дар сатҳи кумитаҳо баррасӣ кунанд. Ҳанӯз мушаххас нест, ки бо чӣ сабаб баррасии масъалаи басташавии пойгоҳ ба таърихи дигар вогузор шудааст. Вале муомилаи нави Боқиеву Русия бо танқиди шадиди мухолифин дар дохили Қирғизистон рӯбарӯ шуд.
XS
SM
MD
LG