Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Русия шумори полис кам намешавад


Тибқи гузоришҳо, Русия барномаи ихтисори шумори ходимони полисро ба хотири ҳифзи нирӯи кофӣ дар сурати сар задани ошӯбҳо бар асари бадшавии вазъи иқтисодии кишвар мутаваққиф кард. Геннадий Гудков, муовини раиси Кумитаи амнияти Думаи давлатии Русия гуфт, ки чунин тасмим "ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳама гуна паёмадҳои ғайриинтизорӣ" гирифта шудааст. Вадим Савичев, як масъули вазорати дохилаи Русия гуфт, мақомот ҳарос доранд, ки бар асари афзоиши бекорӣ ва адами пардохти маош мизони ҷинояткорӣ дар ҷомеа афзоиш хоҳад ёфт. Масъули вазорати дохила ба вижа аз коҳиши ҷойҳои корӣ барои коргарони хориҷӣ изҳори нигаронӣ карда гуфтааст, ки ин ҳама вазъият метавонад боиси болоравии ҷинояткорӣ шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG