Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нашрия камсаводии муовини вазирро собит кард


Муовини вазири умури мактабҳои Бритониё эътироф кард, ки бояд барои боло бурдани саводи навишти худ бояд машқ кунад. Ин изҳорот баъди он пахш шуд, ки дар сомонаи интернетии вай як нашрияи маҳаллӣ иштибоҳҳои зиёди бунёдиро пайдо кард. Ҷим Найти таҳсилкардаи донишгоҳи Кембриҷ дар тавзеҳи саводи нокофии худ вуҷуди чанд мушкилро сабаб овард. Нашрияи Sun бо овардани чанд намунаи иштибоҳи хаттии масъули калони мактабҳои Бритониё гуфт, ки вай навишти дурусти баъзе калимаҳои оддиро намедонад. Sun навиштааст, ки иштибоҳҳои муовини вазир тӯли чандин моҳ ҳамингуна ислоҳношуда дар сомонаи интернетӣ ҳифз шудааст, танҳо ба он хотир, ки нафарони начандон зиёд аз он истифода кардаанд.
XS
SM
MD
LG