Пайвандҳои дастрасӣ

Таърихи баррасии масъалаи пойгоҳ дигар шуд


Ҳукумати Қирғизистон ба баррасии парлумон амри басташавии пойгоҳи низомии ИМА-ро ироа аст. Дар оғоз интизор мерафт, ки баррасии мавзӯъ дар парлумон рӯзи ҷумъа сурат хоҳад гирифт. Вале интизор намеравад, ки ин масъала пештар аз панҷшанбеи оянда, яъне рӯзи шурӯи нишасти барномарезишудаи парлумон оғоз шавад. Мурод Ғаффоров, намояндаи ҳукумат дар парлумон гуфт, ки қонунгузорон бояд ин мавзӯъро бидуни шитобзадагӣ дар сатҳи кумитаҳо баррасӣ кунанд. Ҳанӯз мушаххас нест, ки бо чӣ сабаб баррасии масъалаи басташавии пойгоҳ ба таърихи дигар паспарто шудааст.
Рӯзи сешанбе дар Маскав Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон гуфт, ки нирӯҳои амрикоӣ бояд пойгоҳи Манасро тарк кунанд. Дар мулоқотҳои Маскав Боқиев ваъдаи мақомоти Русияро оид ба ихтисоси беш аз 2 миллиард доллар қарз ба Қирғизистон дарёфт кард. Вале муомилаи нави Боқиеву Русия бо танқиди шадиди мухолифин дар дохили Қирғизистон рӯбарӯ шуд. Онҳо мегӯянд, ки ба нишони эътироз аз тасмими Боқиев ва сиёсатҳои ӯ дар саросари кишвар раҳпаймоиҳо ташкил хоҳанд кард. Пентагон изҳори умедворӣ кардааст, ки музокираҳо идома хоҳад ёфт. Пойгоҳи низомии Манас барои анҷоми амалиёти низомӣ дар Афғонистон истифода мешавад.
XS
SM
MD
LG