Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Раҳмон ва Миркозимӣ анҷом шуд


Раиси ҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои ширкат дар кори нишасти кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ даъват мекунад. Дар ин бора имрӯз дар Душанбе дар мулоқот бо хабарнигорон баъди дидору гуфтугӯҳо бо оқои Раҳмон вазири бозаргонии Эрон Сайидмасъуд Миркозимӣ хабар дод. Вай афзуд, ки дар ҷараёни мулоқоти имрӯзааш бо раҳбари Тоҷикистон бештар дар бораи иҷрои тарҳҳои энергетикӣ ва мухобиротӣ дар ин кишвар сӯҳбат шудааст. Вай гуфт, ки иҷрои тарҳҳои марбут ба бунёди роҳҳои оҳан ва мошингарди миёни се ҳамсояи форсизабон - Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон - барои раҳоии Тоҷикистон аз муҳосираи нақлиётӣ мусоидат хоҳад кард. Назар ба иттилои вазири бозаргонии Эрон, дар наздиктарин фурсат ба Тоҷикистон сафари вазири мудофеа ва раҳбари кумитаи садову симои Эрон дар назар аст.
XS
SM
MD
LG