Пайвандҳои дастрасӣ

Киштии украинӣ аз дасти роҳзанҳои Сомалӣ раҳо шуд


Тибқи гузоришҳо, киштии украинии ҳомили танкҳову муҳимоти дигари ҷангӣ бар ивази гаравпулӣ аз дасти роҳзанҳои дарёии Сомалӣ раҳо шудааст. Киштии Faina сентябри соли 2008 ҳомили 33 тонки T-72-и сохти шӯравӣ ва аслиҳа ҳамроҳ бо гурӯҳи 20-нафараи дарёнавардонаш гаравгон гирифта шуд. Ҳайати музокиротӣ ва раҳбарони гаравгонгирҳо мегӯянд, ки роҳзанҳо баъди дарёфти 3,2 миллион доллар, эҳтимолан аз дасти соҳибони киштӣ, онро холӣ кардаанд. Дар айни замон, мақомоти Украина дар ин замина тавзеҳоти дигар медиҳанд ва мегӯянд, ки киштии мазкур дар натиҷаи як амалиёти хадамоти амниятӣ озод шудааст.
XS
SM
MD
LG