Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори мақоми ҳукумати Чеченистон дар Маскав


Полиси Маскав гуфт, ки муовини пешини мири шаҳри Грозний рӯзи 4 феврал дар пойтахти Русия ба қатл расид. Марди мусаллаҳе ба ҷониби Гелонӣ Шепиев ҳангоми бозгашти вай ба манзилаш воқеъ дар ғарби Маскав оташ кушодааст. Вай соли 2006 баъди як сӯиқасд ба ҷонаш, ки бо ҷароҳати ӯ анҷомида буд, аз Грозний фирор карда дар Маскав ба сар мебурд. Шепиев сеюмин шахсияти саршиноси чечентабор аст, ки дар берун аз хоки ҷумҳуриаш дар давоми се моҳи охир кушта мешавад. Моҳи сентябр марди мусаллаҳе Руслан Ямадаев, вакили пешини парлумони Русияро дар Маскав ба қатл расонд. Моҳи январ узви пешини гурӯҳи муҳофизони раиси ҷумҳурии Чеченистон дар Вена кушта шуд. Вай, ки ба пойтахти Австрия фирор карда буд, Қодировро дар шиканҷа муттаҳам мекард, ҳарчанд раиси ҷумҳурии Чеченистон ин иттиҳомотро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG