Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Раҳмон бо вазири бозаргонии Эрон


Дар мулоқоти имрӯзаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири бозаргории Эрон дар Душанбе масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ хоҳад шуд. Хабаргузориҳои маҳаллӣ гузориш медиҳанд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Сайидмасъуд Миркозимӣ дар нишасти имрӯза инчунин ба мавзӯи иҷрои тарҳҳое муроҷиат хоҳанд кард, ки бо сармоягузории ҷониби Эрон амалӣ мешаванд. Мизони табодули молу коло миёни ду кишвар дар соли 2008 беш аз 216 миллион долларро ташкил додааст, ки 58 дар сад бештар назар ба соли 2007 будааст.
XS
SM
MD
LG