Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раъйгирии парлумони Қирғизистон дар робита бо пойгоҳ


Ҳукумати Қирғизистон ба баррасии парлумон тарҳи амри басташавии пойгоҳи низомии ИМА дар қаламрави ин кишварро ироа кард. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки парлумон қарор аст барои баррасии ин тарҳ ҳафтаи оянда раъй диҳад. Ҳукумат ба ризоияти парлумон ниёз дорад, то ки амри басташавии ин пойгоҳ ҳукми қонуниро қабул кунад, вале дар ҳоле, ки аксари кулли вакилони парлумонро аъзои ҳизби ҳоким ташкил медиҳанд, шаке нест, ки ин қарор қабул шавад. Раиси ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев рӯзи сешанбе дар Маскав эълон кард, ки нирӯҳои амрикоӣ бояд пойгоҳи Манасро тарк кунанд. Русия ба Қирғизистон ихтисоси ду миллиард доллар қарзро барои кӯмак ба ин кишвар ваъда додааст. Сухангӯи ҳукумат гуфт, ки ИМА шаш моҳ дар ихтиёр дорад, ки фаъолиятҳоро дар пойгоҳи Манас анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG