Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатми фаъолияти Шӯрои Бритониё дар Эрон


Шӯрои Бритониё гуфт, ки фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бозмедорад. Ин созмони фарҳангӣ, ки сармояҳои аслиро барои фаъолияти худ аз вазорати хориҷаи Бритониё дарёфт мекунад, гуфт, баъди он ки аксар коргарони ин созмон моҳи декабр аз ҷониби мақомот барои анҷоми "сӯҳбате" даъват шуданду барояшон таъкид шудааст, ки бояд "ба истеъфо раванд", илоҷи дигаре ҷуз бастани дафтари худ дар Эрон надоштаанд. Шиносномаҳои ду коргари ин созмон, ки талош доштанд Эронро тарк кунанд, мусодира шудааст. Мартин Дейвидсон, раиси иҷроияи Шӯрои Бритониё гуфт, ки рафтори мақомоти эронӣ ғайри қобили қабул аст.
XS
SM
MD
LG