Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрообод: анорбоғҳо аз байн мераванд


Ҳудуди 200 ҳектор анорбоғ дар мавзеи Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод мавриди нобудшавӣ қарор гирифтааст.

Масъулини ноҳияи мазкур мегӯянд, бар асари сардиҳои соли гузашта ва имсол як кисмати анорбоғро сард задааст ва эҳтимол боқӣ дарахтони сабзи анор дар тобистони имсол ба хушкӣ рӯ ба рӯ шаванд.

Мирзо Содиков, раиси ҷамоати Ёли ноҳия мегӯяд, замоне, ки анорбоғҳои мазкур бунёд ёфтанд, дар ин мавзеъ аҳолӣ хеле кам буд, вале ҳоли ҳозир бинобар афзоиши аҳолӣ ва истифодаи об аз ҷониби онҳо об ба анорбоғ интиқол намеёбад. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, обе ки барои анорбоғ аз рудхонаи Панҷ оварда мешуд, ҳоло аз баландии боғ дар масофаи 20 метр поин қарор дорад, ки наметавон аз он истифода бурд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулин, панҷ сол боз аз боғоти анори ноҳияи ҳосили хуб ба даст намеояд. Аз як тараф, агар ҳосили ин боғро сард занад, аз сӯи дигар бинобар беобӣ дарахтон меваи қобили истеъмол ба бор намеоранд.

Иброҳим Азизов, раиси ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, воқеан хушкшавии анорбоғҳо бинобар сардзанӣ ва беобӣ онҳоро ба ташвиш овардааст. Вай мегӯяд, онҳо ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намудаанд, то ҷиҳати бо об таъмин намудани анорбоғҳо ва бунёди чунин боғҳои нав мусоидат кунанд. Ҷаноби Азизов гуфт, ки талош мекунанд, то ба ҷои дарахтони хушкшуда анорҳои нав шинонанд.

Коршиносон мегӯянд, муҳити зисти Даштиҷум барои парвариши анор хеле мувофиқ аст. Маҳз бад ин хотир ҳанӯз соли 1980 дар ин мавзеъ ҳукумати Шӯравии собиқ бунёди анорбоғҳоро шурӯъ намуда буд. Онҳо мегӯянд, анори Даштиҷум на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо тамъу лаззати хоси худ фарқкунанда буд. Дар ҳамин маврид масъулин мегӯянд, бунёди анорбоғҳои нав метавонад буҷаи ноҳияро низ ғанӣ гардонад.

XS
SM
MD
LG