Пайвандҳои дастрасӣ

Субҳи чоршанбеи 4 феврал ағлаби шаҳрвандони Қазоқистонро хабари якбора поин рафтани қимати пули миллии кишвар дар муқоиса бо доллар басо нигарон кард ва мардум рӯ ба саррофиҳо оварданд.

Субҳ қимати 1 доллар то ба 170 танга расида буд. Ин дар ҳолест, ки як-ду рӯз қабл 1 доллар дар саррофиҳои кишвар 121-123 танга хариду фурӯш мешуд. Аз ин хотир саррофиҳои шаҳри Алмаато ҳатто як муддат фурӯши долларро мавқуф гузоштанд ва дӯкондорон дӯконҳои хешро баста интизор шуданд, ки дар ин масъала чизе рӯшан хоҳад шуд ё на. Ниҳоят дар нимаи рӯз ағлаби саррофиҳо қимати хариди долларро 135 танга ва фурӯшашро 160 танга муайян намуданд.

Ҳамзамон Бонки миллии Қазоқистон бо пахши баёнияе изҳор кард, ки Бонк акнун мисли пештара қимати тангаро дар муқобили доллар дар ҳудуди 121 танга нигоҳ дошта наметавонад ва доллар имкон дорад дар ҳудуди 150 танга хариду фурӯш шавад. Вале мардум дар ҳайратанд, ки иллати чунин беқурбшавии танга дар муқобили доллари амрикоӣ дар чист. Коршиносон, аз ҷумла иқтисодшинос Илёс Исоев, ин масъаларо марбут ба бӯҳрони иқтисодие медонанд, ки алъон Қазоқистон ва аз ҷумла, системаи бонкиаш ба он гирифтор аст.

Иқтисодшинос изҳор мекунад, беқурбшавии пул ба вазъи кунунӣ бастагӣ дорад. Зеро Қазоқистон воми хориҷиашро бояд бипардозад. Ширкатҳои хориҷие, ки дар кишвар кор мекунанд, мафоди хешро бояд бо доллар бигиранд. Вале воридоти доллар аз хориҷа коҳиш ёфт, зеро қимати амволи содиротии кишвар мисли нафт, металл ва ғайра дар бозори ҷаҳонӣ поин рафт. Дар бозори дохилӣ бошад талабот ба доллар афзуд ва ҳамаи ин дар кишвар, бешубҳа, боиси боло рафтани қимати пули амрикоӣ гардид.

Вале алъон мардум ва аз ҷумла, муҳоҷирони тоҷик дар талоши пайдо кардани посух ба чунин пурсиш ҳастанд, ки чунин беқурбшавии танга муваққатист ва ё он боз идома хоҳад кард. Руслан Зубайло, сарвари бахши таҳлилии Сандуқи биржаи Қазоқистон, бо такия ба баёнияи Бонки миллии кишвар мегӯяд, «тибқи иттилоияи Бонки миллӣ қимати доллар вақтҳои наздик дар ҳудуди 150 танга боқӣ мемонад ва онҳо имкони 5 танга каму зиёд шудани онро пешгӯӣ мекунанд. Яъне, дар ин муддат доллар имкон дорад дар ҳудуди 145-155 танга хариду фурӯш шавад».

Аммо оқои Зубайло дар бораи он ки дар оянда қимати доллар боло хоҳад рафт ва ё поин омад, боз бо истинод ба иттилои Бонки миллӣ изҳор кард, ки ин марбут аст ба боло ё поин рафтани қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ, яъне агар қимати нафт гарон шавад, доллар поин меояду коҳиш ёбад пули амрикоӣ аз 155 танга ҳам боло меравад.

Ҳамсӯҳбатони мо чунин беқурбшавии тангаро барои иқтисоди кишвар ва зиндагии мардум омиле медонанд дорои таъсири манфӣ. Муҳоҷирони тоҷик бошанд аллакай чунин таъсири номатлубро ба фаъолияташон эҳсос кардаанд. Аз ҷумла Сафоиддин Есанов, бозаргони тоҷик, мегӯяд, «беқурбшавии танга ба мо зарари калон расонид. Масалан мо қаблан аз Тоҷикистон бо қурби пештараи доллар бор харид оварда будем ва акнун пули ҷамъомадаро ба доллар баргардонем, нархи хариди бор ҳосил намешавад. Яъне се моҳа заҳмати мо ҳама беҳуда мешавад. Барои ба Тоҷикистон пул фиристодан низ бояд тангаро ба доллар баргардонем. Вале нархи доллар , ки баланд шуд, акнун ҳамон пули нархи борамон намешавад ва мо зарар дида истодаем».

Тавре муҳоҷирон ҳадс мезананд, чун онҳо акнун мисли пештара ба Тоҷикистон ба миқдори зиёд доллар фиристода наметавонанд, имкон дорад, беқурбшавии пули қазоқии танга ба вазъи сомонӣ ҳам таъсири манфӣ расонад.

XS
SM
MD
LG