Пайвандҳои дастрасӣ

Хотамӣ шояд ба майдони сиёсат баргардад


Гузоришҳои расида аз Эрон ҳокист, ки раиси собиқи он ҷумҳурӣ Муҳаммади Хотамӣ аз эҳтимоли ширкаташ дар интихоботи навбатии раёсатҷумҳурӣ, ки моҳи июн баргузор мешавад, аломат додааст. Хабаргузории Ройтерс аз қавли Муҳаммадалӣ Абтаҳӣ, як муттаҳиди наздики Хотамӣ навишт, ки президенти пешин пешбарии номзадиашро шояд дар рӯзҳои наздик эълон кунад. Муҳаммади Хотамӣ аз соли 1997 то соли 2005 тайи 8 сол президенти Эрон буд ва ҳамчун раҳбари ислоҳталаб ва ҷӯёи равобити хубтар бо Ғарб маъруфият дошт.
XS
SM
MD
LG