Пайвандҳои дастрасӣ

Натоиҷи интихоботи Ироқ имрӯз нашр мешавад


Қарор аст, имрӯз натоиҷи расмии интихоботҳои маҳаллӣ дар Ироқ эълон шаванд. 14 вилоят аз 18 вилояти Ироқ рӯзи шанбеи гузашта интихоботи маҷлисҳои маҳаллиро доир карданд, ки оромтарин интихобот дар Ироқ аз замони оғози ҳамлаи таҳти раҳбарии Амрико ба ин кишвар дар баҳори соли 2003-юм шинохта мешавад. Бар асоси натоиҷи ғайрирасмӣ, дар 10 вилоят муттаҳидини сарвазир Нурӣ Моликӣ баранда шуда, аммо номзадҳои Шӯрои Олии исломии Ироқ, як ташаккули умдаи сиёсии шиъаҳои ироқӣ, ки бо Эрон равобити наздик доранд, дар ин маърака шикаст хӯрдаанд.
XS
SM
MD
LG