Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гоми дигари Бишкек барои бастани пойгоҳи Амрико


Давлати Қирғизистон рӯзи чоршанбе ба парлумони он кишвар тарҳи қарори бастани пойгоҳи ҳавоии Амрико дар ҳаволии фурудгоҳи Манасро ироа кард. Раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев рӯзи сешанбе дар Маскав, дар пайи дарёфти ваъдаи қариб 2 миллиард доллар қарзу кӯмакҳои Русия эълон кард, ки Бишкек пойгоҳи Амрикоро мебандад. Сухангӯи давлат гуфт, дар пайи тасвиби ин қарор, Амрико барои қатъи комили фаъолиятҳояш дар пойгоҳи Манас 6 моҳи дигар фурсат хоҳад дошт. Вазорати дифоъи Амрико аммо изҳори умед кардааст, ки музокироти мавзӯъ идома хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG