Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев Раҳмонро дар Кремл қабул кард


Руасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев дар ҳошияи нишастҳои Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкориҳои АвроОсиё дар Кремл як мулоқоти дуҷониба анҷом додаанд. Кремл мегӯяд, дар ин мулоқоти тавофуқ шуда, ки сафари батаъхируфтодаи Эмомалӣ Раҳмон ба Русия то поёни моҳи феврал сурат хоҳад гирифт. Ин сафар қарор буд, ҳанӯз қабл аз нишастҳои дирӯза дар Маскав доир шавад, вале Эмомалӣ Раҳмон ба далели бӯҳрони энержӣ аз сафар ба Маскав худдорӣ кард. Ширкати ӯ дар саммитҳои Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони АвроОсиё низ то рӯзи сешанбе зери суол қарор дошт.
XS
SM
MD
LG