Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Медведев бо Раҳмон


Дар ҳошияи нишастҳои рӯзи чоршанбе дар Маскав руасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев як мулоқоти алоҳида низ баргузор кардаанд. Ба гуфтаи сухангӯи раисиҷумҳури Русия Наталя Тимакова, дар ин дидор қарор шуда, ки сафари расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Русия то поёни моҳи феврал доир шуда, қарор аст, дар ҷараёни ин сафар ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ ва низомиву фаннии ду кишвар ва ҳамин тавр, мушорикати Маскаву Душанбе дар тарҳҳои бузурги зербиноӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шавад. Хонум Тимакова боздиди феълии Эмомалӣ Раҳмонро сафари корӣ унвон кард. Ибтидо қарор буд, сафари расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Русия дар таърихи 2 феврал, дар арафаи нишастҳои сарони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкориҳои АвроОсиё сурат бигирад. Вале ҷониби Тоҷикистон рӯзи 1 феврал эълон кард, ки Эмомалӣ Раҳмон ба далели бӯҳрони энержие, ки кишварашро фаро гирифтааст, ҳамаи сафарҳои хориҷии худ дар даҳаи аввали моҳи февралро лағв мекунад. Ва фақат як рӯз пеш аз шурӯъи он ду нишасти сарон, Душанбе эълон кард, ки Эмомалӣ Раҳмон дар нишастҳои Маскав ширкат хоҳад варзид.
XS
SM
MD
LG