Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бадастомада дар нишастҳои Маскав


Рӯзи чоршанбе дар Маскав нишасти сарони кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва ба дунболи он нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодии АвроОсиё баргузор шуд. Дар нишасти ЕвразЭС ҷиҳати таъсиси як сандуқи даҳмиллиарддоларии муқобила ба бӯҳрони иқтисодӣ тавофуқ шудааст. 7,5 миллиард доллар сармоя барои ин Сандуқро Русия ва 1 миллиард доллари дигарро Қазоқистон ваъда додаанд. Вале муҳимтарин натиҷаи ҳамоишҳои дирӯза дар пойтахти Русия қарори таъсиси нирӯҳои муштараки зудамал будааст, ки дар нишасти сарони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ба даст омад. Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев гуфт, мо бояд аз марҳалаи нирӯҳои “коғазӣ” гузашта, даст ба таъсиси нирӯҳои воқеъӣ бизанем. Медведев афзуд, кишвараш ҳозир аст, барои таъсиси ин нирӯҳо як дивизия ва як бригадаи низомӣ ҷудо кунад. Муқобила ба ҳамалоти низомӣ, роҳандозии амалиётҳои вижа ва мубориза бо террор аз аҳдофи умдаи ин нирӯҳои муштарак ном бурда мешаванд.
XS
SM
MD
LG