Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ризоияти Аврупо барои қабули зиндониёни Гуантанамо


Парлумони Аврупо имрӯз даъвати кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупоро пазируфта барои қабули зиндониҳои Гуантанамо аз боздоштгоҳи амрикоие воқеъ дар ҷазираи Куба розӣ шуд. Дар натиҷаи як раъйгирӣ қонунгузорон гуфтанд, ки дар сурати бо хатари амниятӣ рӯбарӯ набудани ин боздоштшудаҳо, кишварҳои узви иттиҳод бояд онҳоро қабул кунанд. Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико амр намуд, ки дар давоми як соли дигар ин муассисаи баҳсбарангез барои гумонбарони терроризм бояд баста шавад ва мақомот дар фикри ҷойгиркунии 245 боздоштшудаи он бошанд. Иттиҳодияи Аврупо ҳоло бояд ба қароре бирасад, ки чӣ гуна ин ҳама ҷараёнро пиёда хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG