Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо: Толибон гаравгонҳоро раҳо карданд


Тибқи гузоришҳо, ҷангиён 30 афсари полис ва сарбозони ба гарав гирифтаро озод карданд. Ин ҳодиса дирӯз дар водии шимолу ғарби Своти Покистон дар пайи задухӯрдҳо рӯй дод. Франс-пресс аз қавли як сухангӯи Толибон ин хабарро таъйид карда аммо аз додани тавзеҳоти бештар худдорӣ кардааст. Дар маҳалли дигари шимолу ғарби Покистон дар терминали Ланди Кӯтал шӯришиёни Толибон шоми сешанбе 10 мошини икмолотии НАТОро оташ заданд. Борбарҳо баъди он оташ зада шуданд, ки ҷангиён пулеро дар гузаргоҳи Хайбар хароб карда бо ин роҳи аслии интиқоли муҳимоти нирӯҳои ғарбиро ба Афғонистон вайрон карданд. Раиси маъмурияти вилояти Хайбар гуфт, ки имрӯз роҳи мазкур дубора боз шуд. Чанд километр дуртар аз вулусволии Хайбар, тибқи иттилои мақомот, дар натиҷаи задухӯрде бо нирӯҳои амниятӣ дасти кам ҳашт ҷангии Толибон кушта шуда ду сарбози амниятӣ захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG