Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Раҳмону Медведев охири феврал мешавад


Интерфакс хабар медиҳад, ки сафари кории раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маскав дар охири моҳи феврал сурат мегирад. Наталя Тимакова, сухангӯи раиси ҷумҳурии Русия имрӯз дар баробари хабарнигорон гуфт, ки чунин мувофиқа дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Медведев ҳосил шудааст. Вай афзуд, ки нишасти қарибулвуқӯъ аз баррасии масоили тиҷоратию иқтисодӣ, низомиву фаннӣ иборат буда, инчунин қарор аст мавзӯи ширкати ҳарду кишвар дар тарҳҳои азими бунёдии Осиёи Миёна мавриди баррасӣ қарор гирад. Тимакова гуфт, раиси ҷумҳурии Русия таъйид кард, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро барои анҷоми як сафари давлатӣ ба Русия дар соли 2009 даъват кардааст. Интерфакс дар идома аз қавли сухангӯи Медведев менависад, ки "раҳбари Тоҷикистон даъватномаро бо хушнудӣ пазируфт". Президенти Тоҷикистон дар оғози ҳафтаи ҷорӣ аз анҷоми сафари расмӣ ба Маскав ва мулоқот бо ҳамтои русаш худдорӣ кард ва сабаби инро дар ғарқи мушкилоти энержии кишвар буданаш тавзеҳ дод. Аммо назар ба андешаи таҳлилгарон сабаби аслии рад шудани сафари Раҳмон ба Маскав дар ранҷиши вай аз Медведев будааст, ки дар ҷараёни сафараш ба Тошканд моҳи январ гуфт, кишварҳои минтақа бояд ҳангоми иҷрои тарҳҳои энержӣ бояд пружаҳои худро бо давлатҳои ҳамсоя ҳамоҳанг кунанд.
XS
SM
MD
LG