Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Panasonic коргаронашро ихтисор мекунад


Ширкати ҷопонии Panasonic гуфт, ки ҳудудан 15 ҳазор ҷои корӣ, яъне 5 % нирӯи кории ин ширкатро дар саросари ҷаҳон ихтисор карда, 27 корхонаи тавлиди васоили техникии худро дар шароити бӯҳрони молӣ мебандад. Panasonic ширкати азимтарини тавлидкунандаи дисплейҳои плазмавӣ мебошад. Тибқи пешгӯиҳои ин ширкат, дар соли ҷории молӣ, яъне то моҳи марти имсол мизони хисороти он 4,2 миллиард долларро ташкил хоҳад дод. Дар шаш соли охир ин нахустин чунин нишондоди баланди зиёни молии ин ширкат гуфта мешавад. Ҳамакнун Panasonic дар қатори дигар ширкатҳои азими тавлидкунандаи васоили техникии ҷопонӣ, ба мисли Sony ва Toshiba қарор гирифт, ки аз ихтисоршавии ҳазорҳо коргарон ва корхонаҳои тавлидотии худ хабар додаанд. Ба хотири ҳамингуна ширкатҳо Ҷопон то имрӯз дар мавқеи дуюми листи азимтарин иқтисодҳои ҷаҳон ҷойгир мебошад. Нисфи ҳамаи ин коҳишҳо дар қаламрави худи Ҷопон сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG