Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ ба Афғонистон авлавият медиҳад


Дабири кулли СММ Бан Ки Мун гуфт, ки Афғонистон дар соли 2009 барои ин ниҳод авлавият хоҳад дошт. Оқои Бан изҳороти худро дар як нишасти матбуотии муштарак бо раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай ироа кард. Вай афзуд, ки ба хотири дастёбӣ ба тағйироти амаливу ҷиддӣ дар ҳаёти мардуми оддӣ дар кори донорҳои байналмилалии Афғонистон як ҳамоҳангии қавӣ бояд сурат бигирад. СММ мегӯяд, ки соли 2008 вазъи амниятӣ дар Афғонистон ба нуқтаи поинтарини худ аз замони аз сари қудрат дур шудани Толибон дар соли 2001 расидааст. Бан Ки Мун инчунин қарор аст бо аҳли маҷлиси Афғонистон, як қатор мақомоти байналмилалӣ, аз ҷумла фармондеҳони НАТО, ки 55 ҳазор нирӯи эътилофиро раҳбарӣ мекунанд ва инчунин бо бахшҳои мухталифи СММ мулоқот кунад.
Қарор аст дар нимаи дуюми рӯз Бан Ки Мун роҳии Покистони ҳамсоя шуда дар он ҷо роҷеъ ба таъсиси комиссиюни СММ оид ба таҳқиқи ҳодисаи куштори нахуствазири пешин Беназир Бҳутто изҳороте пахш кунад. Хонум Бҳутто декабри соли 2007 террор шуда буд. Баъди Покистон дабири кулли СММ роҳи Ҳиндро пеш хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG