Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Толибон низомёнро ба гарав гирифтанд


Дар водии шимолу ғарби Своти Покистон дар пайи задухӯрдҳо ҷангиёни исломӣ 30 афсари полис ва сарбозонро ба гарав гирифтанд. Мақомоти амниятӣ гуфтанд, ки даргириҳо дар идораи полиси минтақаи Шамозай рӯзи сешанбе ба вуқӯъ пайваст. Аз рӯзи шанбе ин тараф водии Свот ба маҳалли даргириҳои шадид табдил шудааст. Дар маҳалли дигари шимолу ғарби Покистон дар терминали Ланди Кӯтал шӯришиёни Толибон шоми сешанбе 10 мошини икмолотии НАТОро оташ заданд. Борбарҳо баъди он оташ зада шуданд, ки ҷангиён пулеро дар гузаргоҳи Хайбар хароб карда бо ин роҳи аслии интиқоли муҳимоти нирӯҳои ғарбиро ба Афғонистон вайрон карданд. Мақомот гуфтанд, ки дар айни замон роҳи мазкур барои интиқоли борҳои сабук қодир аст ва интизор меравад, ки то рӯзи панҷшанбе ин роҳ дубора метавонад барои убуру мурури борҳои вазнин омода шавад. Чанд километр дуртар аз вулусволии Хайбар, тибқи иттилои мақомот, дар натиҷаи задухӯрде бо нирӯҳои амниятӣ дасти кам ҳашт ҷангии Толибон кушта шуда ду сарбози амниятӣ захмӣ шудаанд.


XS
SM
MD
LG