Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Касе, ки бо сандалӣ зимистонро баҳор кунад ва баҳорро ба тобистон расонад, вай миёндарду, устуғондарду подардро намебинад».

Ин суханонро бобои Муҳаммадсиддиқ, як нафар донишманди бознишаста дар водии Рашт, мегӯяд, ки даври сандалӣ ба наберагонаш аз китобҳо қисса мекунад.

Бобои Муҳаммадсиддиқ мегӯяд, чанд сол аст, ки аз дарди пой ранҷ мекашад ва айёми зимистон шуғли аслиаш китобхонӣ дар гирди сандалист. Ба гуфтаи ӯ, сандалӣ қабл аз ҳама аҳамияти шифоӣ дорад. Ва дар ин давраи бебарқиҳо барои хонаводаҳои тоҷик аз аҳамияти иқтисодӣ низ бархурдор аст.

Вай мегӯяд, «агар хонаводае сандалӣ дошта бошад, сӯзишворӣ дар он хонавода панҷоҳ дарсад кам масраф мешавад. Мо саҳар як бор чаҳлаки сандалиро алов мемонем ва он то бегоҳ гарм меистад. Барои сандалӣ ҳар гуна сӯзишвориро истифода мекунем, ҳам ҳезум, ҳам тапак ва ҳам ангишти Назарайлоқро.»

Дар ҳамин ҳол хонум Бибираҳима, як зани солхурда сокини водии Рашт, ки низ дар хона аз сандалии тоҷикӣ истифода мекардааст, мегӯяд, «пештар беҳтарин таом дар кӯҳистон дар даруни сандалӣ дар дохили кузаи рӯпуш аз сари бегоҳ то саҳар пухта мешуд. Ва дар даврони зимистон даври сандалӣ як макони розу ниёз ва панду насиҳати волидайн ба фарзандон буд». Вай меафзояд, беҳтарин қиссаву ҳикояҳоеро, ки аз даврони кӯдакӣ дар ёд дорад, дар гирди сандалӣ аз модараш шунидааст.

Вале бо гузашти солҳо ва фаршӣ шудани хонаҳо аксари мардум дигар кам аз сандалӣ истифода мекунанд. Як сокини водии Рашт, ки худро Ҷомӣ муаррфиӣ кард, мегӯяд, сандалӣ моли даврони гузашта аст ва акнун ба моли таърих табдил ёфтааст.

Ва имрӯз кам хонаводаҳое аз сандалии тоҷикӣ ва манофеъи шифоии он истифода мекнунанд.

XS
SM
MD
LG