Пайвандҳои дастрасӣ

Нузули қурби пули миллии Қазоқистон


Дар фазои амиқрафти бӯҳрони молии сартосарӣ Қазоқистон арзиши қурби миллӣ - тенгеро то ҳадди 18 % коҳиш дод. Бонки миллӣ гуфт, ки қимати пули миллиро шурӯъ аз имрӯз дар ҳадди 150 тенге дар муқобили 1 доллар нигоҳ медорад, дар ҳоле, ки дар гузашта барои пули амрикоӣ ҳудуди 122 тенге дода мешуд. Интизориҳо аз нузули қурби пули миллӣ баъди он афзуд, ки Беларус, Русия ва Украина иҷоза доданд, ки қурби пули миллии онҳо аз ҳадди 47 то 20 дар сад коҳиш дода шавад. Моҳи гузашта мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки қурби пули миллӣ соли ҷорӣ шадидан коҳиш меёбад, вале на камтар аз 10 дар садро ташкил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG