Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишкорони амрикоӣ ба Эрон роҳ наёфтанд


Гурӯҳи варзишкорзанони амрикоӣ, бозигарони бадминтон моҳи ҷорӣ наметавонанд дар мусобиқаҳои Эрон ширкат кунанд. Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, бо сабаби ин ки ҷараёни содиркунии раводид барои варзишкорон "фурсати зиёд талаб мекунад", аз додани виза ба онҳо худдорӣ кардааст. Вазорати хориҷаи Амрико дар навбати худ гуфт, ки дар таърихи 3 то 9 феврали имсол ҳашт варзишкорзан, чаҳор муррабӣ ва як мудири ин гурӯҳи варзишӣ бояд дар Эрон дар мусобиқаҳои бадминтон иштирок мекарданд. Баъди сари кор омадани раиси ҷумҳурии нави Амрико Барак Обама ин нахустин чунин як мубодилаи варзишии миёни ду кишвари душман мебошад.
XS
SM
MD
LG