Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи қарори басташвии пойгоҳи ИМА дар парлумон


Ҳукумати Қирғизистон ба парлумони ин кишвар тарҳи қарореро пешкаш кардааст, ки дар он шароити басташавии пойгоҳи низомии ИМА дар қаламрави ин кишвар ироа мешавад. Дар ин бора сухангӯи ҳукумати Қирғизистон хабар дод. Шоми дирӯз раиси ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев дар Маскав гуфт, ки нирӯҳои амрикоӣ бояд пойгоҳи Манасро тарк кунанд, чунки Вашингтон натавонист барои истифодаи он подоши муносибе бидиҳад. Боқиев гуфт:

"Мушкилоти ҷамъшуда дар ҷомеаи мо боиси сар задани вокунишҳои манфӣ дар Қирғизистон мешавад ва мардум дар бораи ҳадафмандии ҳузури пойгоҳ дар қаламрави Қирғизистон муддатҳо пеш масъалагузорӣ кардаанд. Ҳамин чанд рӯзи пеш ҳукумати Қирғизистон тасмим гирифт, ки мӯҳлати ҳузури пойгоҳи низомиро дар қаламрави Қирғизистон ба охир расонад".

Вай изҳороти мазкурро дар Маскав баъди он пахш кард, ки раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев ваъда дод, ки ба Қирғизистон ба маблағи 2 миллиард доллар қарз пешкаш хоҳад кард. Дар пойгоҳи низомии ИМА 1200 нирӯ мустақар шуда, ин пойгоҳ масъулияти калидии кӯмак ба амалиёти низомии амрикоиҳо дар Афғонистонро ба дӯш дорад. Медведев гуфт, ки алорағми тасмими Қирғизистон ҳарду кишвар ҳамкориро бо ИМА дар умури Афғонистон идома хоҳанд дод. Пентагон изҳори умед кардааст, ки гуфтугӯҳо идома хоҳад ёфт ва вазорати хориҷаи Амрико гуфт, ки ҳама гуна тасмим роҷеъ ба баста шудани пойгоҳи ҳарбӣ аммо ба идомаи амалиёти низомии амрикоиҳо дар Афғонистон халал ворид нахоҳад кард.


XS
SM
MD
LG