Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти СПАД бо ширкати Раҳмон шурӯъ шуд


Дар кохи Кремлини Маскав нишасти ғайринавбатии Шӯрои созмони амнияти дастаҷамъӣ шурӯъ ба кор кард. Дар ин нишаст раҳбарони ҳафт кишвари узви ин созмон, яъне раҳбарони Русия Дмитрий Медведев, Арманистон - Серж Саркисян, Ҷумҳурии Беларус - Александр Лукашенко, Қазоқистон - Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон - Қурмонбек Боқиев, Ӯзбакистон - Ислом Каримов иштирок мекунанд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳам ки баъди эътирозаш аз мухолифатҳои Русия дар бунёди нирӯгоҳҳои барқии обӣ дар хоки Осиёи Марказӣ аз мулоқоти расмӣ бо Медведев дар таърихи 2 феврал худдорӣ варзид, дирӯз ба Маскав бо ҳадафи ширкат дар кори ин нишаст ва ҳамчунин ҳамоиши кишварҳои узви созмони ҳамкориҳои Авроосиё омадааст. Раҳмон пеш аз сафар ба Маскав гуфт, ки ният дорад вазъи бӯҳронии кишварашро аз назари камбуди энержӣ дар нишастҳои пойтахти Русия матраҳ кунад.
Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ соли 2002 дар заминаи Паймони амнияти дастаҷамъӣ (соли 1992) таъсис шуда, худро чун як созмони байналмилалии амниятӣ муаррифӣ мекунад, ки дар Маҷмаи кулли СММ низ мақоми нозирро дорад. Ҳадафи ин созмон таъмин ва ҳифзи амнияти миллии кишварҳои узв мебошад.
XS
SM
MD
LG