Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин бохти Амонатов ва нахустин ғалабаи Сафоев


Шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов
Шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов

Шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов дар даври чаҳоруми ҷашнвораи байнулмилалии шоҳмоти «Moscov Open-2009» аз варзишгари рус Виталий Тшесковский мағлуб шуд.

Ин аввалин бохти шатранҷбози тоҷик дар сабқати «А» мебошад. Фаррух Амонатов, ки дар 2 бозии пешин пирӯз шуда, як бозиро мусовӣ анҷом дода буд, бо 2,5 имтиёз аз 4 дидор байни 276 нафар дар ҷои 67-ум қарор гирифтааст.

Пас аз ҷамъбасти 4 даври мусобиқот чаҳор нафар шатранҷбозон – Эрнесто Инаркиев, Павел Смирнов, Ян Непомняший, ҳарсе аз Русия, ва Дмитрий Светушкин, аз Молдова, - бо 4-имтиёзӣ пешсафанд.

Фаррух Амонатов дар даври панҷум бо шатранҷбози рус Сергей Сергиенко бозӣ хоҳад кард.

Шатранҷбози дигари тоҷик Зариф Сафоев дар сабқати «В», ки бо ширкати 448 нафар мардону занон ҷараён дорад, пас аз се бохти паиҳам дар даври чаҳорум пирӯзӣ ба даст овард. Вай бар шатранҷбози Русия Карен Ҷаникян ғолиб шуд. Зариф дар даври панҷум бо шатранҷбози Русия Елена Мардер бозӣ хоҳад кард.

Дар гурӯҳи «В» 12 нафар шатранҷбозон, ки 4-имтиёзӣ доранд, пешсаф мебошанд.

Панҷумин давраи ҷашнвораи байнулмилалии шоҳмоти «Moscov Open-2009» 8-уми феврал ба анҷом мерасад.

XS
SM
MD
LG