Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтушуниди ИМА ва Қирғизистон барои "Манас"


Вазорати дифоъи Амрико мегӯяд, гуфтушуниди ИМА бо Қирғизистон дар мавриди пойгоҳи нерӯҳои ҳавоии Амрико дар Манас идома дорад.

Сухангӯи вазорати дифоъи Амрико Ҷеф Моррел гуфт, як мавзуи баҳс ин аст, ки оё Вошингтон пули бештар мепардозад, ё на. Бо вуҷуди ин Моррел изҳори умедворӣ намуд, ки саранҷом тарафайн ба тавофуқ мерасанд ва Амрико ба истифодаи пойгоҳ идома хоҳад дод. Ҳамзамон Моррел аз шарҳи иддаҳо дар бораи он, ки Русия кӯшиш дорад, нуфузи ИМА ба кишварҳои собиқ Шӯравиро коҳиш диҳад, худдорӣ кард.

Ва ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев дар Маскав гуфтааст, ки кишвараш пойгоҳи нерӯҳои ҳавоии ИМА, воқеъ дар ҳошияи фурудгоҳи Манаси шаҳри Бишкекро мебандад. Ин баёнияи сарвари Қирғизистон ба дунболи мулоқоти ӯ бо ҳамтои русиаш Дмитрий Медведев дар нишасти матбуотии муштарак садо дод.

Боқиев гуфт, “дар тули ин солҳо Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҷанг бар зидди терроризми байналмилалӣ саҳми бисёр муҳим гузошт. Мо низомиёнии худро ба онҷо нафиристодем, аммо иҷозат додем қаламрави моро истифода баранд. Он замон сӯҳбат фақат дар бораи як сол мерафт, ҳадди аксар ду сол, аммо инак ҳашт сол сипарӣ шуд. Бояд таъкид кард ки дар тули анҷоми ин амалиёти зиддитеррористии артиши неруҳои байналмилалӣ мо борҳо бо шарикони амрикоиамон мавзуъи ҷуброни иқтисодии буду боши сарбозони Амрикоро мавриди баҳс қарор дода будем. Аммо, мутаассифона, ҳамфикрии ҷониби амрикоиро пайдо накардем. Чанд руз пеш ҳукумати Қирғизистон қарор кард, ки мӯҳлати истиқрори пойгоҳи низомӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ бояд хотима ёбад. Дар ин бора фардо ё як рӯз баъд дар матбуот расман эълон мешавад ва пас аз ин Қирғизистон мувофиқи ин қарори ҳукумат амал хоҳад кард.”

Раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар навбати худ изҳор дошт, ки таъини сарнавишти пойгоҳи Амрико дар Манас дар салоҳияти танҳо давлати Қирғизистон қарор дорад. Ӯ афзуд, “мо метавонистем барои мусоидат ба истиқрори вазъ дар минтақа кӯшишҳои худро муттаҳид кунем. Кишварҳои мо бо дарназардошти тавоноиамон ба амалиётҳое, ки дар минтақа анҷом мешаванд, кӯмак хоҳанд кард. Ҳеҷ кас аз ӯҳдадориҳои худ сар намекашад, ва дар чаҳорчуби эътилофи зиддитеррористӣ, мо тамоми равияҳоро иҷро хоҳем кард ва ба иқдомоти муштарак ва аз ҷумла бо эътилофи кишварҳо омодаем. Дар ҳар сурат ҳам Русия ва ҳам Қирғизистон уҳдадоранд амнияти минтақаро таъмин кунанд, уҳдадоранд ба фаъолиятҳои зиддитеррористи мусоидат кунанд. Бидуни шак, шакл ва тариқи анҷоми чунин кор бо дарназардошти он ки амалиёт дер боз ҷараён дорад, бояд бо шариконамон ҳамоҳанг шавад.”

Амрико пойгоҳи низомии Манасро аз поёни соли 2001 ба ин тараф барои таъмини амалиётҳои нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон истифода мекард ва Вошингтон борҳо ба аҳамияти ин пойгоҳ таъкид кардааст. Генерал Дэвид Петреус зимни боздидаш аз кишварҳои минтақа моҳи гузашта эълом дошт, ки дар тарҳи афзоиши шумори сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон фурудгоҳи Манас нақши калиди хоҳад бозид. Ба ақидаи таҳлилгарон, манъи истифодаи пойгоҳи Манас ба тамоми амалиётҳои низомии нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон таъсири манфӣ хоҳад расонд.

Таҳлилгари масоили низомӣ Павел Фелгенҳауэр сабабҳои ин иқдоми Қирғизистонро чунин шарҳ медиҳад, ки “мақомдорони низомии Русия кайҳо боз ин пойгоҳи низомиро чашми дидан надоранд. Чин ҳам мухолифи ин пойгоҳ аст. Чунки ин минтақаест, ки пойгоҳро мешавад на танҳо барои ҳамлу нақл истифода бурд, балки барои ҷамъоварии иттилоъи ҷосусӣ низ мешавад аз он кор гирифт. Русия дар Осиёи Марказӣ таслиҳоти мухталифашро озмоиш мекунад, ҳамзамон пойгоҳҳои озмоиши аслиҳаи Чин низ ба ин пойгоҳ наздик аст.”

Таҳлилгари рус афзуд, равшан аст, ки ин тасмими Маскав буд ва басташавии пойгоҳи Манас ба равобити дуҷонибаи Русия ва Амрико латма мезанад. Коршиносон аз ҷумла ба ин нукта ишора мекунанд, ки раҳбари Қирғизистон қасди бастани пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Манасро, аввалан дар Маскав эълон кард. Ва эълони ин тасмим ба дунболи музокироти Русияву Қирғизистон сурат гирифт, ки Маскав дар он ба Бишкек тақрибан 2 миллиард доллар сармояву кӯмак ваъда кардааст.

XS
SM
MD
LG