Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таассуроти Бародай аз ҳарфҳои Обама


Муҳаммад Бародай, раҳбари Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ, гуфт, азми раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ба сӯи ҷаҳони бидуни таслиҳоти ҳастаӣ ӯро муттаассир кардааст. Бародай гуфт, Амрикову Русия бояд ба хотири расидан ба ин ҳадаф музокироти худ пиромуни аз 27 ҳазори феълӣ ба ҳудуди аз 500 то 1000 коҳиш додани теъдоди кӯлоҳакҳои ҷангии ҳастаии мавҷуд дар ҷаҳони имрӯзро аз сар бигиранд. Ӯ афзуд, ба хотири ҷилавгирӣ аз бесуботӣ, ки дар натиҷаи талоши кишварҳои алоҳида барои даст ёфтан ба тавлиди маводи сӯхти ҳастаӣ рӯ мезанад, тавлид ва таъмини сӯхти ҳастаӣ низ бояд ба сурати чандҷониба сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG